Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзҳои 13-14 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Қазоқистон ба Душанбе ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои бастаи нави асноди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таъмини амният таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 15 сентябр дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе иштирок мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста