Рӯзи 30 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста