- Дар робита ба муноқишаи рухдода дар марз бо Тоҷикистон нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи сешанбе аз рухсатии кӯтоҳмуҳлат бар кор баромад, - хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон.
Дар иттилои ҳукумати ин кишвар қайд мешавад, ки бо супориши Сариев оид ба ҳаллу фасли ин муноқиша гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи кории зикршуда барои ба эътидол овардани вазъ ва роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба вилояти Ботканд сафарбар шудааст.
«Айни замон намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти сарҳдабонии Қирғизистону Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд», - гуфта мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста