Ҳукумати Чин тасмим гирифт, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. юан (беш аз 1,6 млн. $) кумаки таъҷилии башардӯстона мефиристад. Дар ин бора хабаргузории «Синьхуа» иттилоъ медиҳад.
Дар департаменти кумак ба хориҷаи назди Вазорати тиҷорати Чин қайд кардаанд, ки шурӯъ аз моҳи июл бар асари гармои шадид ва офатҳои табиӣ бар асари он, дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон одамон ҳалоку ба амволашон осеби ҷиддӣ расонида шуд.
Гуфта мешавад, ояндаи наздик ин кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол мегардад. «Вазорати тиҷорати Чин вазъи минбаъда дар Тоҷикистон ва талаботи он дар доираи рафъи оқибатҳои офати табииро бодиққат пайгирӣ мекунад», - омадаст дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи июл бар асари гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон пиряхҳо тезтар об шуда, дар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар сел омад. Зиёни умумии расида аз ин офати табииро ҳукумат 600 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста