Бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар мавзӯи « Сабабҳо ва омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ» мизҳои гирд барпо мекунад.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо коршиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин ҷалб хоҳанд шуд.
«Ба мизҳои гирди ноҳияҳое, ки сокинони он дар сафҳои созмонҳои террористӣ ба мисли ДИИШ меҷанганд, волидон ва дӯстону наздикони онҳо даъват мешаванд»,- гуфт вай.
Ба қавли номбурда, баргузории мизи гирди нахустин дар ин мавзӯъ санаи 12 август дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. «Аз рӯи маводу хулосаҳои ҷамъшуда аз ин чорабиниҳо ҲХДТ сиёсати нави худ оид ба кор ҷавононро таҳия мекунад», - афзуд ӯ.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри ҳамин сол дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста