Намояндаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон аз тағйирот ба Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки аз тарафи палатаи болоии Тоҷикистон рӯзи 21 июл ба тасвиб расидааст, нигаронӣ изҳор намуда, қайд мекунад, ки он метавонад ба фаъолияти муҳими созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонад.

«Тағйирот тартиби нави санҷиши иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бидуни муайянсозии ҳудуд ва давраҳои чунин санҷишҳо ворид менамояд. Ҳамчунин, тағйирот иттиҳодияи ҷамъиятиро вазифадор месозанд, ки роҷеъ ба гирифтани маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар Вазорати адлияро дар ҷараён гузорад ва чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои бар асоси сарчашмаҳои хориҷӣ маблағгузоришавандаро баъд аз сабт шудани ин маблағгузориҳо амалӣ карда метавонанд», - омадааст дар изҳороти Раёсати СММ.

Гуфта мешавад, «мо аз он нигарон ҳастем, ки ин талаботи нав ба фаъолияти созмонҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мушкилӣ эҷод мекунад ва бо дарназардошти маҳдудияти маблағгузории давлатии созмонҳои ғайридавлатӣ имконияти онҳо барои пайдо намудани маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар ҷиҳати пиёда сохтани фаъолияташон маҳдуд мегардад».   

«Мо ҳамчунин аз он нигарон ҳастем, ки номуайянӣ дар иборасозии дар тағйирот истифодашуда метавонад барои ба тарзи худсарона ё табъизомез иҷро гардидани қонун оварда расонад», - баён мегардад дар изҳорот. 

Зимнан зикр мегардад, ки ин тағйирот ҳуқуку озодиҳои иттиҳодияҳоро ба таври ҷиддӣ маҳдуд сохта, мухолифи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, ки дар соли 1999 аз ҷониби Тоҷикистон тасвиб шудааст, мебошад.

Моҳи июни соли 2015 Гузоришгари вижа оид ба ҳуқуқи озодии ҷамъомадҳои сулҳомез ва иттиҳодияҳо зикр карда буд, ки тағйирот «мухолифи ӯҳдадориҳои давлат ҷиҳати таъмин намудан ва нигоҳдории муҳити мусоид барои озодона амалӣ гардонидани  фаъолияти иттиҳодияҳо ба назар мерасад ва метавонад фаъолияти пуштибонӣ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро халалдор созад».               

«Мо аз Президенти кишвар даъват менамоем, ки ба қонун оид ба ворид намудани тағйирот имзо нагузорад, чун қонун баъд аз имзо гузоштани Президент ва расман нашр шудани он қувваи қонуни пайдо мекунад. Мо ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват менамоем, ки тағйиротро тавассути гузаронидани мушовараҳои пурмӯҳтаво бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди бознигарӣ қарор дода, мутобиқати ҳар тағйири пешниҳодшуда ба Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар таъмин намояд», -даъвт мешавад дар хотимаи изҳорот.