Шоми рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза ба Турманистон раҳсипор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзои бастаи нави созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.
«Сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон ба масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин атрофи густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва бахши иҷтимоӣ низ табодули назар хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии ахири президенти Туркманистон ба Душанбе (5 майи соли 2014) ва гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон миёни кишварҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста