Раиси амалкунандаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори анҷумани навбатии 12-уми ҳизб, ки рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад, иштирок намекунад.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ба вакилон тариқи намоиши он-лайн аз Истамбул дар бораи фаъолияташ ба сифати раиси ҳизб муддати 4 соли ахир ҳисобот хоҳад дод.
«Анҷуман дар Душанбе доир гардида, айни замон масъалаҳои марбут ба муайян кардани ҷойи баргузорӣ ва шумори вакилон дар он мавриди ҳаллу фасл қарор доранд», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷуман ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, ҳайати нави Шӯрои олии сиёсӣ, раиси ҳизб ва муовинони ӯ интихоб карда мешаванд.
Мутобиқи оинномаи ҳизб муддати ҳар чор сол раиси ҳизб интихоб карда мешавад, вале дар ҳамин ҳол, регламенти чанд маротиба довталабӣ кардани як номзад ба ин мансаб вуҷуд надорад.
Ёдрас мекунем, ки баъд аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор гардида, аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки асосан дар Туркия иқомат дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста