Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истирдоди истиқлоли ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд. «Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем», - баён мегардад дар барқия.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатманд буда, бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории кишварҳо таҳким ва соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. «Мо бар онем, ки ҳарду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Тоҷикистон, аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Зимнан зикр мегардад, ки дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, Тоҷикистон мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданист ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳад варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста