Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот президенти Туркманистон таъкид дошт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат ва илму фарҳанг баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.
Изҳори бовар карда шуд, ки мулоқоти музокироти имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста