Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб, ки имрӯз дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Туркманистон баргузор шуд, чор санади нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ; Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон; Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ва Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.
Ҳамчунин Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ ба имзо расид.
Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки кунун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста