Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Freedom House ё худ Хонаи озодӣ бори навбатӣ Тоҷикистонро ба сафи давлатҳои авторитарӣ (худкома) шомил намуд.
Дар гузориши нави Freedom House оид ба рушди демократия дар 29 кишвари собиқ лагери сотсиалистии Аврупо ва Осиёи Марказӣ ( Nations in Transit-2015 ) Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари дигари ИДМ дар феҳристи кишварҳои дорои идоракунии авторитарӣ қарор дорад.
Ӯзбекистону Туркманистон ҳар кадоме бо касби 6,93 балл кишварҳои бештар авторитарӣ арзёбӣ шуда, ҷойҳои 28 ва 29-умро ишғол кардаанд. Дар идома Озарбойҷон (6,75), Беларус (6,71) Қазоқистон (6,61) ва Русия (6,46) қарор доранд. Тоҷикистон бо 6,39 балл дар зинаи 23-юми рӯйхати кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ ҷой гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон (5,93), Арманистон (5,36) ва Косово (5,14) кишварҳои нимаавторитарӣ дониста шуда, Молдова, Македония, Босния ва Герсеговина, ҳамчунин Украина, Гурҷистон ва Албания давлатҳои дорои реҷаи идоракунии дугуна (гибридӣ) арзёбӣ шудаанд.
Черногория, Сербия, Руминия, Хорватия, Булғористон ва Маҷористон (Венгрия) ба сафи кишварҳои нимадемократӣ шомил гардидаанд.
Словения (1,93 балл), Эстония (1,96), Литва (2,07), Лаҳистон (Полша)( 2,21), Латвия (2,36), Чехия (2,21) ва Словакия (2,64) кишарҳои демократӣ унвон шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста