- Муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст, - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров.
Ӯ қайд кард, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.
Ба қавли Ёров, дар қарори суд сари ғайриқонунӣ хусусигардонӣ шудани бинои ситоди ҳизб сухан меравад. «Шоми дирӯз мо бо раҳбряити ҲНИТ вохӯрда, ба онҳо шарҳ додем, ки қарори суд дар бораи боздошти истифодаи бинои ситоди ҳизб ғайриқонунӣ аст. Албатта метавон ба ҳабс гирифт, то ки барои ошкор шудани ҳамаи ҳолатҳо монеъа эҷод карда шавад, аммо то бекор шудани ҳуқуқи моликият, ҳеҷ касе ба боздошти истифодаи бино ҳуқуқ надорад», - иброз дошт Ёров.
Бино ба маълумоти ситоди ҲНИТ, дафтари кории марказии ҳизб ба муддати 10 рӯз то ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо баста шудааст. Дар ин давра истифода аз ин бино барои ҳизб манъ шудааст.
Зикр гардид, ки сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъ баҳси ҳалношуда миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва моликони бинои дафтари кории ҲНИТ аст. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ширкати «Тиҷорат», ки ҲНИТ ин биноро аз ӯ харидорӣ кардааст, бинои мазкурро ғайриқонунӣ харидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
festa26 август, 2015 23:46
Ман як чиз мехохам гуфтан. Агар ХНИТ пуштибони ислом бошад, ин хизб худаш хатост, зеро ислом пуштибон дорад, дигар ба пуштибон ниез надорад.
kjgi26 август, 2015 22:50
dar haqiqat man bovar kardam ki mardumi tojikiston az mulloho bezor shudaast. dar afgonistonu iron va pokiston az in mulloho rahoi eftan nomumkikn ast, ammo chi guna in mulloho tavonistand dar tojokoston hizb sozand ???
dilyz26 август, 2015 22:16
Сад дар сад бастани ситоди ХНИТ конуни аст, манбаи асосии кувваи конун ин мардум аст, мардум мехохад, ки ХНИТ баста шавад, пас баста шудани дафтари ин хизб конуни аст