Бо қарори суди иқтисодии Тоҷикистон бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар рӯзи 24 август дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Прокуратураи генералии кишвар ин қарори худро бо он маънидод кардааст, ки баҳси қонунӣ будани харидорӣ шудани ин бино ҳаллу фасл нашудааст.
Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ дар ин робита изҳор доштааст, ки дар вақташ ин бино, ки дар он дафтари кории ҲНИТ воқеъ аст, ғайриқонунӣ харида шудааст. Қаблан ин бино ба ширкати «Тиҷорат» тааллуқ дошта, ҲНИТ онро аз ҳамин ширкат харидааст.
Суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ, ки дарҳои дафтари кории ҲНИТ-ро муҳр задаанд, изҳор намудаанд, ки баҳси мазкур бояд дар муддати 10 рӯз ҳаллу фасл шавад.
Дар ин бино ҲНИТ рӯзи 15 сентябр анҷумани навбатии ҳисоботиву интихоботии худро баргузор карданӣ буд, ки дар кори он иштироки беш аз 500 нафар вакилону меҳмонон дар назар аст. ҲНИТ бар ин назар аст, ки ин амали ҳукуматдорон ба монеъа эҷод кардан барои баргузории анҷуман равона шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Таварали Зардолу аз Бартанг28 август, 2015 14:36
Мо ҷавонони водии Бартанг аз баста шудани қароргоҳи ҲНИТ хело шодем чунки ин иқдоми ноҷавонмардонаи Кабириро ки худ дар хориҷ дар гурез аст ҷавоби ин мардуми бегуноро чихел медода бошад дар ин дунё ва ундунё. Дар ақиқат ин рафтори Кабири ноҷавонмардона аст. Офарин боз дар танои укумат шуморо ҲНИТиё як бор дигар гуё ба гуноҳатон бахшиш намуд. Биёед бо миллати тоҷик ва давлат якҷо бошем то ин аст мусулмонгарии ақиқи.
Насиба27 август, 2015 09:45
Ба хамаи мо маълум аст, ки дар солхои 1992 то 2000 дар Чумхурии Точикистон чи ходисахои дахшатангез рух дода буд. Инчунин ба хамагон маълум низ мебошад, ки дар ин чанги бародаркуш садхо хазор нафар одамони бегунох чони худро барои хоинони миллати точик бохтаанд. Сабабгори хамаи ин бесарусомонихо Хизби нахзати исломи Точикистон буд, ки имруз низ мехохад вокеахои солхои сипаригаштаи хунрезихоро баргардонанд.
Мухаммад27 август, 2015 09:22
Сабаби баста шудани ХНИТ дар они ифода меёбад, ки аз рузи ташкилшавии хизб, ки рохбараш Мухиддин Кабири ба хисоб меравад, дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва таракиёти имрузаи Чумхурии Точикистон саъю кушиши худро нишон надодааст. Танхо барои манфиатхои худ ва сармоягузори гардиданаш аз тарафи давлатхои хоричи шахрвандони Чумхурии Точикистонро бо хар роху восита ба сафи худ дохил намуда, ваъдахои бардуруг медод. Баста шудани ХНИТ аз чониби шахрвандони Точикистон хуб пазируфта шуд.
fiodor26 август, 2015 23:50
Салом всем, ради место у власти? а не ради Аллаха этот Нури глава ПИВТ в 90- е года резал таджикских ребят как баранов. Nак что и его последователи пойдут за ним будте осторожны, дай Вам Бог помошь дорогие Таджикистанцы.
Абумуслим26 август, 2015 20:24
Бас аст дуруг, номи исломро паст кардаед. ХНИТ агар баста шавад, байни мардуми точик фитнаандози кам хохад шуд. Чи фоидае бар чамъият кардаанд, ки мо тарафдори кунем аз ХНИТ, албатта хеч чиз! Пас баста шавад чунин хизби бефоида, бехтараш фикри ободиву пешравии Точикистони азизамонро кунед...
Бахром26 август, 2015 18:55
Агар будани чунин ҳизб зарурат медошт, давлатҳое, ки пештар аз мо Исломро қабул карда буданд, магар наметавонистанд чунин ҳизб таъсис диҳанд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо дигар ном рақобати сиёсӣ намоянд. Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонам дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шуру валвала ва фисқу фасодро тавъам мебинам. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро ба маврид мешуморам.
Чавон26 август, 2015 18:21
Халки точик ба пешшшшш: Нагузоред, ки чунин хизбхои хиёнаткор ба сари хокимият биёянд
Ховалинги26 август, 2015 16:58
Вакти он расидааст, ки эй мардуми башардусти Точикистон аз ин хама хуруфотпарасти, дуруяги ва амалхои зишти гурухбозхо худро ба канора гирифта, бахри созиши Чумхурии азизи Точикистонамон ба яке аз кишвархои пешрафти олам камари химмат бандем. Бадро аз нек, фоидаро аз зарар бахри ояндаи фарзандони миллати точик ва точикистониён фарк кунем…..
Кулоби26 август, 2015 16:28
Ваќте ки кушторхои вахшиёна, фохишаги ва дигар рафторхои хайвонии ташкилоти Давлати Исломиро дар интернет мехони, хамон дахшатхои чанги соли 1992, ки чангиёни ХНИТ дар хаммоми совхози «Туркманистон» одамонро месўзонданд пеши рў меорад. Имрўз рохбари ХНИТ бо сабабхои номаълум дар хоричи кишвар ќарор дорад. Ки медонад, ки ХНИТ боз чи наќшахоро рохандози карда истодааст. Маќоле хаст, ки «Кўр як бор ба чох меафтад». Нашавад, ки ХНИТ боз Точикистонро ба майдони чанги исломиён ќарор дихад. ХНИТ-ро хатман бастан даркор.
УМАРЧОН26 август, 2015 15:12
99 фоизи мардуми Точикистон мусалмонанд, ниёз ба хизби исломи нест.Дини ислом на ба хизб ва на ба дигар равияхои тундрав ниёз надорад.
Сафарахмад26 август, 2015 14:42
Матлабе дар бораи баста шудани бинои Раёсати олии ХНИТ дар шахри Душанберо хонда, хело хушхол шудам, ки дар хакикат ин кори дуруст аст. Дар ягон чумхурихои собик Шурави чунин хизб, яъне хизби исломи фаъолият ва ё арзи вучуд надорад. Худ шохиди он хастем, ки дар давоми солхои фаъолияти хеш ХНИТ чи корхои хайрро ба сомон расонидааст, ба гайр чангу бадбахтихо. Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони чумхури аст. Чунки бо як чашмакзании кози Турачонзода ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш аз хисоби аъзоёни ХНИТ дар кишварамон чанги шахрванди ба вукуъ пайвасту хазорхо сокинони бегунох кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд. Дар навбати худ Турачонзода ва дигар хаммаслаконаш дар хоричи кишвар дар панохи хочагони хоричии худ “панах” ёфтанд. Имруз бошад, Мухиддин Кабири дар хоричи кишвар карор дошта, боз ягон накшахои гаразноки хешро бо дастгирии хочагони худ тархрези намуда, ба сулху суботи кишвари азизамон Точикистон мехоханд халал эчод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми точик чунин суистифода аз боварихои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. Дар охир сухани худ хаминро кайд кардани хастам, ки баста шудани бинои Раёсати олии ХНИТ дар шахри Душанбе ва бархам додани ин хизб дар каламрави кишвар кобили максад аст. Мо бояд шукронаи Истиклолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кушиш намоем, на аз кафои кадом як хочагони хоричи шавему мансабталоши кунем. Бо эхтиром сокини шахри Кулоб Аминаи Абдулхак, собик аъзои ХНИТ.
Салим аз Точикистон 26 август, 2015 14:33
Аз баста шудани ХНИТ бисёр хурсандем, офарин! офарин! офарин!
Салим аз Точикистон 26 август, 2015 14:28
Прокуратура хамин кора барвакттар мекарден намешид, ин хизба фаъолиятша тамоман катъ кардан даркорай, коршон факат бар зидди тинчии ватанмонай, ким-кадом давлатода меравану бад Точикистона бадном мекнан. Маъкултон набоша, брен хаму Эрону Афгонистону дигар-дигар чохода зиндаги кнен.
Назар26 август, 2015 11:19
Бинои имрузаи идораи ХНИТ дар шахри Кулоб, ки дар кучаи С.Сафаров чойгир мебошад, пеш магозаи китобфуруши буд. Мардуми Кулоб аз он бахраи маънави мегирифтанд. Солхои 90 аъзоёни хизби нахзат аз бесару сомонихо истифода бурда, онро азони худ карда гирифтанд. Имруз гуё он моликияти хусусии Гайратов Абдусамад мебошад ва у ин биноро ба хизби нахзат тухфа кардааст. Лекин дар асл бошад, ин бино мувофики конун ба Гайратов ягон тааллук надорад ва хуччатхояш сохтаву калбаки мебошанд.
Назар26 август, 2015 10:53
Аъзоёни Хизби Нахзат, ки даъвои Ислому Худошиноси мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба гайр аз ба дасти худ гирифтани хокимият ва мансаб дигар максад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин мукаддасоту покиро танхо барои ноил шудан ба максадхои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вучуди пайравони ХНИТ акалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин кадар мардуми точик зомин намешуданд. Имрўз бо фитнахои сиёсии худ боз мехоханд ба сари мардуми точик нокомиву бадбахти, куштору кашшоки ва гуруснаги оварда, худашон шоху табъашон вазир шавад. Вале мардум имрўз дигар мардуми солхои 90-ум нест, ки ба фитнахои ин тоифа бовар кунад.