Зимни сафари кории аз 1 то 3 сентябр пешбинишудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни Душанбе ва Пекин боз як бастаи нави созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлати Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 1 сентябр ба шаҳри Пекин раҳсипор гардида, санаи 2 сентябр дидору гуфтушуниди ӯ бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои он маросими баимзорасии бастаи нави созишномаҳо баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи чӣ гуна созишномаҳо ва дар кадом соҳаҳо ба имзо расонидани онҳо маълумот дастрас нашуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 3 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Пекин иштирок мекунад. Маҳз ҳамин рӯз дар Чин Рӯзи Ғалаба бар сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар чорабиниҳои ҷашнӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар арбобони давлатии ин кишвар ширкат меварзанд. Дар маълумоти расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, Чин «сарони кишварҳои дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирокдошта, давлатҳои Осиё ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, кормандони масъули СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба чорабиниҳои ёдбуд даъват кардааст».
Ҳамчунин мебояд гуфт, қаблан ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ҷиҳати иштирок дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин ба Чин раҳсипор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста