Ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамалакат ба як гурӯҳи шаҳрвандони кишвар, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад. Маросими тақдими мукофотҳо рӯзи 28 август дар Кохи миллат баргузор мешавад.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мукофотҳо давлатӣ ба олимону табибон, адибону варзишгарон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарпарастони шинохта ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун тақдим карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров президент ордени «Шараф»-ро тақдим мекунад. Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров рӯзи 23 август дар Чемпионати ҷаҳон ба гирифтани медали нуқраи ин мусобиқот шарафёб гардид.
Ба Дилшод Назаров ҳамчунин мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ низ супурда мешавад. Ҳамин тариқ Дилшод Назаров нахустин варзишгари тоҷик хоҳад шуд, ки ба ҷоизаи пулии аз ҷониби президент таъсисдодашуда соҳиб мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми маблағи ҷоизаи президенти мамлакат барои медали тилло дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба варзишгарони тоҷик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин пас барандагони медали нуқра бо 200 ҳазор ва медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ бо 150 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.
Имрӯз Дилшод Назаров аз Чин ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳ ӯро раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва рӯзноманигорон пешвоз гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста