Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ. Остин III ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо як зумра роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, генерал Остин бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, генерал-майор Зариф Шарифзода ва дигар мансабдорони олии хадамоти амнияти Тоҷикистон номгӯи васеи масъалаҳои амнияти умумиро муҳокима намуд.
Ҳангоми мулоқот дар сатҳи олӣ генерал Остин аҳамияти шарикиро ҷиҳати дастгирии суботу пешрафти Тоҷикистон таъкид кард. «Давоми 20 соли охир ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтаргардонии суботу амният дар Осиё Марказӣ ҳамкорӣ менамояд. Талошҳои муштаракамон дар соҳаи низомӣ беш аз пеш ба мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла ифротгароии мусаллаҳона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, равона шудаанд», - иброз дошт генерал.
Дар вохӯриҳои худ генерал Остин омодагии Фармондеҳии марказиро ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар навгардонии қувваҳои худ бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба баланд бардоштани иқтидори давлат барои ҳалли масъалаҳои ҷории амният тасдиқ кард.
Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то ин ҷониб ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амният ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста