Вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намуд.
Дар номаи Вазорати адлия, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки Вазорати адлия мутобиқи моддаи 20 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба ҲНИТ огоҳинома ирсол намудаааст.
Дар огоҳинома таъкид мешавад, ки мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад.
Тибқи маълумоти Вазорати адлия, дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ карда, аз ин рӯ, ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ кунад ва анҷуман баргузор намояд.
Вазорати адлия сабабҳои дигари ҳамчун ҳизби умумиҷумҳуриявӣ дониста нашудани ҲНИТ-ро номбар карда, аз ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро тақозо намудааст, ки мухолифи талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мебошанд.
Дар ин нома Вазорати адлия 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба гунаи мисол оварда, илова мекунад, ки Шӯрои олии сиёсии ҳизб ин қонуншиканиҳоро бидуни таваҷҷуҳ гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, дар номаи Вазорати адлия қайд мешавад, ки аҳзоби сиёсӣ дафтари кории худро танҳо тариқи оинномаи худ иваз карда метавонанд ва тағйирот дар оиннома танҳо дар анҷуман сурат мегирад.
Ҳамин тариқ, Вазорати адлия дафтари кории муваққатии ҳизб дар манзили раиси он Муҳиддин Кабириро ғайриқонунӣ медонад. Дар ин ҷо дирӯз нишасти хабарии раҳбарияти ҲНИТ баргузор шуда, талаботи ҳизб ба ҳукуматдорон баён шуд.
Аз раҳбарияти ҲНИТ дархост шудааст, ки огоҳиномаи мазкурро дар мӯҳлати 10 рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлия ба таври хаттӣ ахборот диҳанд ва дар сурати иҷро нагардидани талаботи ин огоҳинома, нисбати ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» андешида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Фируз31 август, 2015 09:01
мухтарам Кабири Тожикистон ба Хизби Шумо ниёз надорад.