Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 - солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.
Ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста