Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки алайҳи қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо баланд кунанд.
Дар гузориши интишоршудаи созмон бо истинод ба директори барномахои Авруосиё Сюзен Корке дар ин робита зикр мегардад, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон зинаи охирин ба сохти диктаторӣ шуда метавонад.
Сюзен Корке изҳор доштааст, ки амалҳои ҳукумати Тоҷикистон мухолифи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷанги шаҳрвандии хунин хотима гузошт.
«Баста шудани ҲНИТ ба зиёд шудани имкони сурат гирифтани низоъҳои зӯроварона дар кишвар боис шуда метавонад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бояд муқобили ин қарор мавзеъгирӣ кунанд», - гуфтааст Сюзен Корке.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби асосии мухолиф дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҲНИТ ба парлумон роҳ наёфт. САҲА интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ноозоду ғайришаффоф арзёбӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста