Дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат доктор Одил ибн Аҳмад Ал-Ҷубайр доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир А. Шарифӣ бо таъкиди ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар, ки ниёзманди таваҷҷуҳи бештаранд, ишора кард.
Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Мамлакат дар навбати худ аз сатҳи кунунии робитаҳои миёни ду кишвар ва ҷараёни густариши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, нияти ҷониби саудиро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста