Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо даъвати губернатори вилояти Иваново дар кори Форуми X байнулмилалии саноативу иқтисодии «Ҳалқаи тиллоӣ» (Золотое кольцо) ширкат варзид, ки аз 3 то 5 сентябр дар Плес баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, қабл аз оғози кори форум сафир бо губернатори вилояти Иванов Павел Конков вохӯрда, зимни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон бо ин вилоят, мушкилоти будубош ва шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи мазкур ва роҳу воситахои густариши робитаҳо баррасӣ шуданд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум Имрмуддин Саторов ба ҳозирин дар бораи дурнамои самтҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо минтақаҳои Русия маълумот дода, имконоти Тоҷикистон дар ин самтро муаррифӣ намуд.
Ҳадафи форум табодули таҷриба ва технологияҳо дар бахшҳои саноати бофандагиву дӯзандагӣ, индустрияи мӯд ва ороиш (дизайн), ҳамчунин ҷалби сармоя ва рушди шарикии тиҷоративу иқтисодии корхонаҳои русиягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ буда, дар кори ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Беларус, Олмон, Италия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркия иштирок карданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Иваново сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз хонаи миллатҳои Иваново боздид намуда, бо мусаввараҳои рассомони тоҷику қазоқ дар намоишгоҳи «Назми Шарқ дар расм ва графика. Қазоқистон - Тоҷикистон. Асри XX» аз наздик ошно гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста