Рӯзи 7 сентябри соли 2015 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накӯҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, нақши конфронси мазкурро, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббуси Олмон бо номи «Раванди Берлин» доир мешавад, дар ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳалли масоили об муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин ба баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар партави мувофиқатҳои роҳбарони олии ду кишвар таъкид ва онро ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста