Чин тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Синхуа», намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Хулдн Лэй рӯзи 9 сентябр зимни нишасти хабарии навбатӣ дар ин хусус изҳори назар кардааст.
Дипломат қайд кардааст, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои дӯсту ҳамсояи наздик ва шарикони стратегӣ мебошанд ва Чин ба ҳамлаҳои мусаллаҳонаи рухдода дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
«Ҷониби Чин ба таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши таъмини амният омода буда, ният дорад, ки бо саъюу талоши умумӣ сулҳу оромӣ дар ҳарду кишвар ва минтақаро ҳифз намояд», - гуфтааст дипломати Чин.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сян Чжунро ба ҳузур пазируфта буд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Чин дар партави татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки миёни раҳбарони ду кишвар 2 сентябри соли ҷорӣ дар Пекин ҳосил шуданд ва инчунин таҳкими муҳовараи сиёсӣ ва фаъолтар намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифт.
Дар натиҷа 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Ҷинояткорон дар дараи Ромит паноҳ бурданд, ки дар он ҷо ҷиҳати безарар гардонидани онҳо амалиёти сохторҳои қудратӣ идома дорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, шурӯъ аз оғози амалиёт беш аз 60 нафар ҷонибдорони генерали ошӯбгар боздошт ва 20 нафарашон кушта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста