Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 15 сентябр дар шахри Душанбе доир мегардад, вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон гирдиҳам меоянд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор мешавад.
«Вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмон масоили ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри таъмини амният ва масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан таъкид шуд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе асосан ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазъ дар Шарқи Наздик таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар нишасти Душанбе раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста