Нашрияи ҳамарӯзаи амрикоии Washington Post сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенте номид , ки аз ҳуқуқҳои инсон суистеъмол мекунад ва аз дастгирии ИМА бархурдор аст. Др ин қатор сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Баҳрайн ва Гвинея низ ҷойгир шудаанд.
Ҳамин тавр, дар бораи президенти Тоҷикистон дар нашрия зикр мегардад, ки замони ҳукмронии ӯ ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон афзудаанд. Бино ба маълумоти Washington Post, замони сари мансаб будани Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқҳои ҳарифони сиёсӣ ва васоити ахбори умуми мустақил поймол мешаванд.
Бо такя ба маълумоти созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch нашрия менависад, нисбати боздоштшудагон барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ аз шиканҷа кор гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон озодиҳои инсон ва ҳуқуқҳои аққалиятҳои ҷинсӣ низ риоя намешаванд.
Freеdom House Тоҷикистонро кишвари ноозод хонда, изҳор медорад, ки манъи фаъолияти мухолифон кишварро метавонад ба диктатура оварда расонад.
Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, аз соли 1994 то имрӯз президенти Тоҷикистон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста