Дар доираи сафари расмии рӯзи 14 сентябр пешбинишудаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ӯ аз шаҳри металлургҳои тоҷик - Турсунзода боздид мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, пас аз анҷоми гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Қазоқистон ният дорад, ки ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо дастовардҳои боғпарварону металлургҳо шинос шавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари президенти Қазоқистон ба Душанбе ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон имзои бастаи нави асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.
Интизорӣ меравад, ки зимни гуфтушунидҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон натанҳо ба масоили рушди ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, балки ба масоили таъмини амният низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми сафари расмӣ президенти Қазоқистон дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 сентябр) дар Душанбе иштирок мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста