Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шурӯъ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон - Серж Саргсян, Белорус - Александр Лукашенко, Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як - як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи аксҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мебошад, даъват менамояд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамоиши мазкур бо тамошои намоишгоҳи мазкур ва аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфта, бо изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста