Президенти Русия Владимир Путин шоми рӯзи 14 сентябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Владимир Путинро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Имрӯз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назар буда, дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД сарони ҳамаи кишварҳои узви Созмон - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Душанбе ташриф оварданд. Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи ин кишварҳо низ дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста