Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон изҳор намуд, ки дар иҷлосия оид ба вазъи ҳамкориҳои мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон суҳбати кушоду озод сурат гирифта, ба хатарҳои глобалӣ ва минтақавии таъмини амният барои кишварҳои узви Созмон ва тадбирҳои имконпазири муқовимати дастаҷамъона бо онҳо дар оянда таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
«Дар ин замина мо ба зарурати мусоидати воқеъӣ ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии Созмон, аз ҷумла қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намудем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, дар ҳамоиш як қатор тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти кишварҳо дар доираи СААД пешниҳод шуданд. «Ин тадбирҳо аз ҷумла аз баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ва таъмини моддиву техникии нерӯҳои дастаҷамъона ва воситаҳо, сатҳи зудамалии онҳо, бо ин мақсад баргузор кардани машқу размоишҳои муштарак, роҳандозии табодули доимии маълумот ва боз як маҷмӯи тадбирҳои дигар баҳри таҳкими имконоту иқтидори Созмон иборатанд», - шарҳ дод ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «ба масъалаи густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд».
«Зикр гардид, ки рушди ҳамаҷонибаи низоми омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳои ҳирфаии артиш, хадамоти махсус, сохторҳои марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомот оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ минбаъд низ бояд самти афзалиятноки ҳамкории стратегии мо боқӣ монанд», - афзуд сарвари давлати Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста