Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев санаи 17 сентябри соли 2015 дар бинои Қасри Президент ба Президенти Украина Пётр Порошенко Эътимоднома супурд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар поёни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки Файзулло Холбобоев санаи 10 август бо фармони президенти мамлакат сафири Тоҷикистон дар Украина таъин шуд. То ба ин мансаб таъин шудан Холбобоев ба ҳайси намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масоили иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаъолият дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста