Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолии мамлакат даъват кард, ки дар дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии имрӯза дар маросими ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як тоҷикистонӣ даъват кард, ки зирак буда, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагарданд.
Президент бар ин назар аст, ки дар чунин замони мушкил ҳар як шаҳрванди кишвар бояд манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорад.
«Мо бояд сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем», - таъкид дошт сарвари давлат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста