Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизорӣ меравад, ки дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк яке аз чорабиниҳо таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд.
Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев қаблан дар мусоҳиба ба Радиои СММ дар ин робита изҳор намуда буд , ки дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Таиланд Ниваттхумронга Бунсонгпайсан рӯзи 27 сентябр чорабинии сатҳи баланд доир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, мушкилоти истифодаи об, маҷроҳои фаромарзии об ва дигар паҳлӯҳои масъалаҳои марбут ба об бахшида хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста