Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ахири ҳафтаи гузашта бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари собиқи шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби нав дидору гуфтушунид карда, намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби дар ин робита изҳор доштааст, ки минбаъд баррасии масоили таваҷҷуҳи умумии ИМА ва ин кишварҳо дар чунин шакл дар назар аст.
Бино ба иттилои РИА Новости , дар шаҳри Ню-Йорк Керри бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот карда, «ба оғози шакли нави муколамаи минтақавӣ миёни котиби давлатӣ ва ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ асос гузошт».
«Котиби давлатӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ масъалахои тарзи кори муштарак дар мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва рушди иқтисодиро баррасӣ карданд», - иброз доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА.
Ҷон Керри ба ҳамтоҳои худ итминон додааст, ки сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ «ба амнияти миллии ИМА робитаи зич дорад».
Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, дар доираи мулоқоти ин гурӯҳ вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки беҳбуди робитаҳо миёни иқтисодҳои ин минтақа ва кишварҳои боқимондаи Осиё ва Аврупо ба пешравӣ ва рушди осоишта мусоидат мекунад.
«Котиби давлатӣ ва вазирон бобати баррасии имкони баргузории мубоҳисаҳои минбаъда дар шакли С5+1 дар ояндаи наздик ба сифати илова ба робитаҳои дуҷонибаи мавҷуда ба мувофиқа расиданд», - афзудааст Кирби.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста