Ба унвони раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар робита ба ихтиёри Сарраёсати бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон супурдани бойгонии ҳизб муроҷиати расмӣ нарасидааст.
«Аз мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавриди супурдани бойгонии ҳизб ба мо ҳеҷ мактубе ворид нашудааст», - гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков.
Ӯ қайд кард, ки дар сурати расидани чунин муроҷиат, ин масъала мувофиқи тартиботи муқарраршуда дар Оинномаи ҳизб баррасӣ мешавад. «Дар Оиннома гуфта мешавад, тамоми масъалҳаои марбут ба боигарии ҳизб бояд дар анҷуман баррасӣ шаванд. Ҳамин тариқ, агар чунин муроҷиат ворид шавад, он ба рӯзномаи анҷумни навбатии ҳизб гузошта шуда, аз рӯи он тасмим гирифта мешавад», - шарҳ дод Талбаков.
И.Талбаков зикр кард, ки Ҳизби коммунист ба ҳарчи бештар хуб нигоҳ дошта шудани бойгонии ҳизб барои наслҳои оянда манфиатдор аст. «Ин боигарии пурқимат буда, натанҳо таърихи Ҳизби коммунист, балки таърихи 70-солаи Тоҷикистонро дар бар мегирад», - қайд кард муовини раиси ҲКТ.
Номбурда таъкид дошт, ки агар бойгонии ҳизб барои нигаҳдорӣ ба ихтиёри Сарраёсати бойгонии назди ҳукумат супурда шавад ҳам, он моликияти Ҳизби коммунист боқӣ мемонад. «Ин ҷо ягон паҳлӯҳои сиёсӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин як масъалаи сирф хоҷагидорӣ аст. Ҳизби мо бо ҳукумат ягон мухолифате надорад. Дар Барномаи ҳизби мо саҳеҳ зикр гардидааст, ки мо бо ҳукумат дар робитаи зич фаъолият мекунем», - афзуд ӯ.
Қобили зикр аст, ки чанде аз расонаҳои хабарӣ имрӯз дар бораи муроҷиати Сарраёсати бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон бобати супурдани бойгонии Ҳизби коммунист ба ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста