Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хомӯшӣ ихтиёр кардани ИМА дар ин маврид нигаронӣ изҳор кард. Дар ин созмон таъқиби аъзои ҲНИТ-ро «муҷозоти ҳарифони сиёсӣ» мешуморанд.
Дар изҳороти рӯзи чоршанбе интишоршудаи Freedom House қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти олии ҲНИТ-ро ба ҳабс гирифта, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ маҷбур аст, ки дар ғурбат зиндагӣ кунад.
Ноиби президенти Freedom House Даниэл Калингерт изҳор доштааст, ки ҳукумат ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон намуда, аъзои онро, ки шуморашон 40 ҳазор нафар дониста мешавад, мавриди таъқиб қарор додааст. «Ҳукумати ИМА бо хадамоти амнияти Тоҷикистон робитаи зич дошта, аз соли 2007 ба онҳо танҳо барои мубориза бо маводи мухаддир беш аз 127 млн. доллари ИМА ҷудо кардааст. Бисёре аз дастраскунандагони ин кумакҳо имрӯз аъзои ҲНИТ-ро шикор мекунанд», - гуфтааст ӯ.
Ноиби президенти Freedom House хомӯшии ИМА нисбати таъқиби аъзои ҲНИТ-ро «падидаи шармовар» арзёбӣ кардааст.
Дар изҳороти Freedom House таъкид мешавад, ки рӯзи 29 сентябр Суди олии Тоҷикистон ҳизби бузургтарини мухолифи кишвар - ҲНИТ-ро «созмони террористӣ» эълон кард. Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз моҳи августи соли равон бар асоси «айбномаҳои бардурӯғ» фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон манъ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 сентябри соли равон Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишварро дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста