Сафар Кабиров, бародари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст, дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 1 октябри соли равон изҳор намудааст, ки барои аз ҲНИТ рафтанаш пушаймон нест.

С.Кабиров амали генерал Назарзодаро «хиёнат» номида, савол додааст: «Чӣ хел хиёнат набошад? Ин хиёнат аст! Чӣ гуна инсон метавонад дар сурате ки ҳама чизаш муҳайё бошад, вазифаи баландро барояш боварӣ карданд, боз ба чунин кор даст занад?».

Дар посух ба саволи журналист дар бораи чӣ нарасидан ба бародараш Муҳиддин Кабирӣ, ӯ изҳор доштааст:» Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем. Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд».

Дар идома бародари Муҳиддин Кабирӣ зикр кардааст, ки ӯ ҳанӯз ҳам бовар дорад, ки Муҳиддин Кабирӣ хиёнат накардааст. «Мо бояд бо ҳам бошем, ватанамонро обод кунем. Барои мо ягон бегона омада, ватанамонро обод намекунад», - гуфтааст ӯ.

С.Кабиров ҳамчунин изҳор намудааст, ки қаблан аъзои ҲНИТ буда, акнун барои ободии диёр сафҳои онро тарк кардааст. «Агар имрӯз Ҳизби наҳзат барои Тоҷикистон зараровар бошад, мувофиқи қонун банданд», - гуфтааст номбурда.

Дар робита ба чӣ гуна аз оилаи ба дин он қадр мустақиман иртиботнадошта то ба мансаби раиси ҳизби динӣ расидани бародараш Муҳиддин Кабирӣ, ӯ зикр кардааст, ки ҳамааш «аз тақдир» аст.

Бародари раиси ҲНИТ қайд кардааст, ки ҳеҷ гоҳ аз Муҳиддин Кабирӣ кумаки пулӣ нагирифтааст. «Ба ман кумак чӣ лозим? Ман мӯҳтоҷ нестам. Баръакс, соли 1987, вақте донишҷӯй буду ба Яман мерафт, ман барои харидани мошин 5 ҳазор сӯм пул ҷамъ карда будам, онро ба ӯ додам, ки роҳпулӣ кунаду хонад. (Муҳиддин Кабирӣ донишҷӯйи факултаи шарқшиносӣ буд)», - иброз доштаст  Сафар Кабиров.