Намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) имрӯз ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуданд.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мавзуна Шарофиддинова ба ҳайати миссияи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, узви КМИР Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва мутахассиси КМИР Мирзомда Боев ба ҳайати миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва сармутахассиси КМИР Қурбон Ҷӯрахонов ба ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай шомил шудаанд.
Ғайр аз ин, сармутахассиси КМИР Тоҷикистон Аминҷон Ҳасанов дар ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар мониторинги маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон ширкат меварзад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста