Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон «аз хатари афзояндаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» нигаронӣ изҳор мекунад.
Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқи СММ, ин хатарҳо ба ҳабси аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбутанд.
«Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 сентябр фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуда, онро ба рӯйхати созмонҳои «ифротгаро ва террористӣ» шомил кард. Қаблан санаи 17 сентябр намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки якчанд аъзои ҲНИТ дар доираи тадбирҳо барои пешгирии амалҳои терористӣ ба ҳабс гирифта шуданд», - қайд кардааст намояндаи Раёсати мазкур Равина Шамдасани зимни брифинг дар Женева.
Ӯ таъкид доштааст, ки ҳукуматдорон аъзои ҲНИТ-ро ба содир кардани ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи милиса муттаҳам карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 39 нафар, аз ҷумла 14 корманди мақомоти милиса ба ҳалокат расиданд.
Раёсати ҳуқуқи башари СММ ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини риояи ҳуқуқи байнулмилалӣ дар ҷараёни мубориза бо «терроризм» ва «ифротгароӣ» даъват кард.
Дар Раёсат хотиррасон намудаанд, ки шароити нигаҳдории айбдоршавандагон бояд ба талабот ва меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқат дошта бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста