Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба овозхони опера, директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Миралӣ Достиев шаҳодатномаи вакили МАҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ супурда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон додозода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, М.Достиев ҳуқуқи вакил будан дар парлумонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиб шуд.
Аввали моҳи октябр Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, курсии вакилӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ холӣ шуд. Низом Қосим вакили аввалини даъвати кунунӣ аз ҲХДТ аст, ки бинобар сабаби ба мансаб бо пардохти маош интихоб шуданаш, курсии вакилиро тарк кард.
Ёдрас мекунем, ки дар интихоботи 1 март ба палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ - 16 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон - 3 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 2 нафар ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 1 нафар вакилон ба парлумон роҳ ёфтанд.
Маълумотнома:
Миралӣ Достиев 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Овозхони опера. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 1981 - 2002 - овозхони Театри опера ва балети Тоҷикистон.
Аз соли 2006 то соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2006 ва аз соли 2013 - директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста