- Шаш созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран адвокати ҳабсшуда Бузургмеҳр Ёровро озод кунад ё ба ӯ айбномаҳои асоснок пешниҳод намояд, - гуфта мешавад дар изҳороти имрӯз, 7 октябр интишоршудаи созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch.
Изҳороти мазкур аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ чун Amnesty International, Paris Bar, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights (IPHR) ва Norwegian Helsinki Committee имзо шудааст.
Қайд мешавад, ки Б.Ёров рӯзи 28 сентябр аз рӯи «айбномаҳои сохта» барои қасос аз розӣ шуданаш ба ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Ҳукуматдорон ӯро ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо мутттаҳам карданд. То замони ҳабсаш Ёров ба журналистон иттилоъ дод, ки мизоҷи ӯ - муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ баъди ҳабс аз ҷониби кормандони милиса мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Дар изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки моҳи августи соли равон ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард.
Президенти Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Надежда Атаева қайд кардааст, ки ҳабси яке аз адвокатҳои маъруф бо ангезаҳои сиёсӣ бозгӯи бадшавии сатҳи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран Ёровро озод кунад ё дастрасии ӯ ба адвокат ё оилаи ӯро таъмин созад.
Дар изҳорот хотиррасон мешавад, ки 13 январ суди шаҳри Душанбе адвокати маъруф Шуҳрат Қудратов ва қаблан соли 2014 боз як адвокати шинохта Фахриддин Зокировро маҳкум намуд. Ҳамчунин зикр мегардад, ки пештар ба адвокат Файзинисо Воҳидова низ фишор оварда мешуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байнулмилалӣ даъват кардаанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ки барои роҳандозии фаъолияти адвокатӣ дар ҷумҳурӣ шароити муътадил таъмин карда шавад.
«Шарикони байнулмилалӣ ҳамчунин бояд талаб намоянд, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои байнулмилалии худ оид ба эҳтироми иттиҳодияҳову маҷлис ва изҳори андешаро риоя кунад», - гуфта мешавад дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста