Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки ба санаи 11 октябр таъин шудааст, субҳи имрӯз ба шаҳри Минск раҳсипор шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аз Тоҷикистон ба ин маърака ба сифати нозирон аз миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ва роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додозода шомил гардидаанд.
Ғайр аз ин, рӯзи 9 октябр вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нурулло Оқилзода ва муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода низ ба сифати нозирон аз Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус ба Минск мераванд.
Бино ба маълумоти ВАО-и Беларус, рӯзи сешанбе, 6 октябр овоздиҳии пешакӣ дар маъракаи интихоботи президенти Беларус оғоз гардидааст, ки то 10 октябр идома меёбад.
Маъракаи интихоботи президенти Беларус рӯзи якшанбе, 11 октябр доир мегардад. Президенти амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич, Атамани олии «Белорусское казачество» Николай Улахович ва раиси Ҳизби либералӣ-демократии Беларус Сергей Гайдукевич ба сифати номзадҳо ба мансаби президентӣ сабти ном шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста