Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштанд, ки зимни бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии бузург дар рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ бояд манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ба инобат гирифта шаванд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ҷараёни гуфтушуниди сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон, ки санаи 8 октябр дар Тошканд баргузор шуд, ҷонибҳо қайд кардаанд, ки «кишварҳои мо дар масъалаи истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ мавқеи ягона доранд».
Каримов ва Бердимуҳаммедов таъкид доштаанд, ки масоили марбут ба бахши обу энергетика бояд бар асоси меъёру усулҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байнулмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бо иштироки созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ шаванд.
Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардидааст, ки зимни ҳаллу фасли масъалаҳои сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ, комилан риоя намудани талаботи конвенсияҳои дахлдори СММ зарур мебошад.
Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов бо даъвати Ислом Каримов рӯзҳои 7-8 октябр бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дошт.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар яке аз шоҳаҳои Амӯдарё - рӯдхонаи Вахш ба итмом расониданист, вале Ӯзбекистон қотеъона мухолифи бунёди ин иншоот садо баланд мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста