Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба президенти амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко ба муносибати пирӯзиша дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Мо ин хабарро бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва хатти машйи Шумо дар роҳи шукуфонии кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум ва болобарии бемайлони обрӯи давлати Белорус дар арсаи ҷаҳон зоҳир мегардад».
Дар идомаи барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои зичи мушорикат бо Ҷумҳурии Беларус, ки ҷавобгӯӣ манофеи миллии ҳар ду давлатанд, баҳои баланд дода, бовар дорад, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар заминаи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дарназардошти манофеи дуҷониба рушду густариш тоза меёбад.
«Бо истифода аз фурсат омодагии моро дар роҳи якҷоя бо Шумо ба харҷ додани саъю кӯшишҳои зиёд барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иброз медорам», - омадааст дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста