Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки рӯзи 11 октябр доир гардид, президенти амалкунандаи ин кишвар бо касби 83,49%-и овозҳо маротибаи панҷум пирӯз шуд.
Беш аз 6%-и интихобкунандагон муқобили ҳамаи номзадҳо раъй дода, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич ба 4,42%, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич - 3,32% ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус Николай Улахович ба 1,67%-и овозҳо соҳиб шуданд.
Хабаргузории ББС. менависад, Комиссияи марказии интихоботи Беларус рӯзи 16 октябр аз натиҷаҳои ниҳоии интихобот маълумот хоҳад дод.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Беларус, дар маъракаи рӯзи 11 октябри интихоботи президенти Беларус 86,75% аз шумори умумии интихобкунандагон ширкат варзида, ҳузури аз ҳама бештари онҳо да вилояти Витебск - 91% ва камтраин дар Минск - 73,33% ба қайд гирифта шудааст.
Хабаргузории БЕЛТА қайд мекунад, ки дар мавриди норозӣ буданашон аз натиҷаҳои интихобот, номзадҳо ба мансаби президентӣ дар муддати 3 рӯз метавонанд аз болои он шикоят баранд.
Сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко айни замон ягона президенти Беларус ба шумор меравад. Ӯ дар маъракаҳои интихоботии солҳои 1994, 2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста