Нимаи дуюми рӯзи 13 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсомро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: “Итминони комил дорам, ки бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем”.
Николас Ҳейсом бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор барои талошҳои созанда аз номи роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос намуд.
Масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон низ яке аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд”.
Бо ёдоварӣ аз татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон изҳор гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунад. Ҳамчунин аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва омодасозии кадрҳои низомии афғон дар Тоҷикистон бо қаноат ёдоварӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста