Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба Қазоқистон раҳсипор мешавад. Воҳурии сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 16 октябр дар вилояти Акмола, дар меҳмонхонаи «Риксос Боровое»-и шаҳраки Бурабой доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Қазоқистон вохӯриҳои дуҷонибаи сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Иттиҳод ба нақша гирифта нашудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии лоиҳаҳои аснод ба муносибати санаҳои таърихии қарибулвуқӯъ - 70-умин солгарди таъсиси СММ ва 30-солагии садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар назар аст.
Ғайр аз ин дар ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳоҷират, фарҳанг, мубориза бо ҷинояткорӣ, огоҳӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи марзҳо қабул шуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахши низомӣ баррасӣ мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста