Дар нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазоқистон сарони кишварҳои Қазоқистон, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санад ба имзо расониданд.
Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад , дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳод аз ҷумла Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2020 ба тасвиб расидааст.
Дар нишаст Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милати Мутатҳид ва Муроҷиатномаи сарони кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 30-солагии садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Черонбил ба имзо расид.
Гуфта мешавад, қарор дар бораи ташкили гурӯҳи марзбонон ва дигар мақомот барои танзими вазъҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои беруна ва Барномаи ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марзӣ дар сарҳадҳои беруна қабул шудаааст.
Зикр мегардад, ки як қатор ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба ҳамкориҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут буда, ҳамчунин созишномаи ҳамкорӣ дар бахши огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои фати табиӣ ба имзо расидааст.
Сарони кишварҳои узви ИДМ номзадҳои роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ ва раиси Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ-ро тасдиқ намудаанд.
Қайд мешавад, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 16 сенябри соли 2016 дар Қирғизистон баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста