Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба президент иттилоъ доданд, ки ин марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст.
Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта, дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбор бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин 8 бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатри тобистона, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпарронӣ мавҷуд аст.
Маркази таълимӣ - фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.
Сарвари давлат ба мавқеи ҷойгиршавии марказ, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд шуда, барои машқу тамринҳо дар шароити куҳистон мувофиқ аст, баҳои баланд дод. Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Раёсати сохтмони асосии ҳамин вазорат мебошад.
Зимни боздид аз марказ Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва дигар имкониятҳои он аз наздик шинос шуда, ҳангоми суҳбат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои обу тоби бадан, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёфтани онҳо, чусту чолокӣ, зиракӣ, далерӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва дигар техникаю муҳимоти ҷангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Президенти мамлакат дастур дод, ки аз тамоми шароити марказ барои тарбияву тавонбахшии кормандон бисёр пурсамар истифода баранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста