Дар чорчўбаи ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо (ИА)- Осиёи Миёна, Донишкадаи Хадамоти Давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20-21 октябри соли 2015 машварат-семинари омўзишиеро дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо лоиҳаи «Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Миёна» ва ташкилоти Олмонии Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH доир намуд.
Кодекси Тоҷикистон дар бораи тартиботи маъмурӣ аз 5 марти солиа 2007 (бо иловаҳо аз 28 декабри соли 2012) тартиботи таҳия, қабул ва татбиқсозии амалҳои маъмурӣ, баррасии тавсияҳо ва шикоятҳои маъмурӣ ва амалҳои муштараки мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Илова бар ин, Кодекси мазкур тартиботи судии низоъҳоеро, ки ба муносибатҳои ҳуқуқии аз Кодекси мазкур бармеомада дахл доранд, ба танзим меорад.
Ин семинар-машварати дурўза барои бист нафар аз кормандони расмии сатҳи баланди сохторҳои иҷроияи давлатӣ, ки Кодекси мазкурро дар доираи фаъолиятҳои маъмурии худ амалӣ менамоянд, равона гардидааст. Мақсади семинар-машварати мазкур аз баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш оид ба таксономия, систематика ва муқаррароти қонунгузорӣ оид ба тартиботи маъмурии Тоҷикистон иборат мебошад. Он донишҳоро оид ба мазмуну мундариҷаи Кодекси мазкур мустаҳкам намуда, муқаррароти онро шарҳ медиҳад ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои татбиқи онро пешниҳод менамояд. Дар айни замон, семинар-машварати мазкур сатҳи огаҳии иштирокдоронро дар бораи манфиатҳои яксонсозӣ ва муттаҳидсозии тартиботи умумии маъмурӣ баланд мебардорад.
Ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни ИА барои Осиёи Миёна сохтори шомили минтақавиро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи Волоияти Қонун, бо мақсади дастгирӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна ва дастрас намудани таҷрибаҳои ИА, дар бар мегирад. Таҳти сарпарастии Ташаббуси Волоияти Қонун, лоиҳаи минтақавии Платформаи Волоияти Қонун ба сифати як механизми кўмакрасон ва дастгирикунанда дар самти бароҳандозии муколамаи сиёсӣ ва пешбурду мусоидат ба амалисозии тадбирҳо дар самти саҳмгузорӣ ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, амал менамояд. Платформаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо маблағи 1,8 миллион Евро сармоягузорӣ карда мешавад.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста